БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯшониён Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад

Август 27, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  бинои нави 2-ошёнаи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ шинос шуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.

Иншооти мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо тамоми шароити мусоиди корӣ таъмин гардида истодааст.

Дар айни замон корҳо дар дохили бино ба итмом расида истода, корҳои сохтмонӣ дар намои берунаи бино ва атрофи он идома доранд.

Роҳбарияти ноҳия ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонию сабзкориро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони 252 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2023  57 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён

Август 27, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд