БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод беш аз 100 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад
ТОҶИКОБОД, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду барқарорсозии беш аз 100 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 22 иншоот ба истифода дода шуда, дар боқимондааш корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ идома доранд. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар ноҳияи Тоҷикобод 32 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумияшон 24 миллиону 587 ҳазор сомонӣ мебошад. Ҳамчунин баҳри амалишавии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод то соли 2025 196 лоиҳа ба нақша гирифта шуда буд, ки то охири соли 2022 57 лоиҳа татбиқ гардид. Дар айни замон 32 лоиҳа мавриди амал қарор дошта, дар доираи 9 лоиҳаи дигар корҳои омӯзишӣ ҷараён доранд.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2003,9 гектар кишти картошка гузаронида шуд, ки дар айни замон нашъунамои он хуб мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид






