БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Ваҳдат 92 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бунёд мегардад
ВАҲДАТ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва баҳри саноатикунонии шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2023 аз ҳисоби соҳибкорон дар шаҳр нуҳ коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин давра дар 21 корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои расман сабтшуда дар шашмоҳаи аввали соли равон 496 миллиону 566 ҳазору сомониро ташкил дод. Чунин иттилоъ дод ба хабарнигорон Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода додани 808 иншоот, аз ҷумла 92 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 51 иншооти соҳаи тандурустӣ, 119 иншооти соҳаи маориф, 23 иншооти варзишӣ, 24 иншооти фарҳангӣ, 212 иншооти хизматрасонӣ, 106 бинои истиқоматӣ ва дигар иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 190 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар қисми зиёди иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.
Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 18 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, сари вақт хомӯш гардид ва 17 нафар наҷот дода шуданд. Зарари молиявӣ аз сӯхтор 580,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳодисаи сӯхтор ва 464 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Амволи наҷотдода дар ин давра 4 миллиону 73 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 794 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд






