Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд

Август 29, 2023 14:43

ДУШАНБЕ, 29.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Борони шадид дар Чин боиси обхезӣ ва ярч гардид, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Reuters иттилоъ медиҳад.

Обуҳавошиносони чинӣ якчанд вилояти шарқии Чинро аз боронҳои шадид ва обхезиҳо огоҳ намуда буданд. Дар вилояти Хунан миқдори рекордии борон  рехтааст, бинобар ин аз он ҷо беш аз 3 ҳазор нафар тахлия шуданд.

Мувофиқи маълумоти ширкати телевизиони давлатии «Телевизиони Марказии Чин», дар уезди Санчжи шадидтарин борони имсола сабт гардидааст: миқдори ниҳоии борон шаби шанбе ба якшанбе ба 256 мм расидааст.

Чинро тӯфон ва боронҳои шадид фаро гирифтаанд, ки чанд ҳафта боз хомӯш намешаванд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 29, 2023 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид