Бар асари таркиш дар бандари Деринҷеи Туркия 13 нафар маҷруҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар бандари Деринҷеи вилояти Коҷаэлии Туркия таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа 13 нафар маҷруҳ шуданд, изҳор намуд раиси Идораи маҳсулоти заминӣ Аҳмад Гюлдал. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
«13 нафар захм бардоштанд, як нафари онҳо пас аз таркиш аз зери харобаҳо берун оварда шуд», — изҳор намуд Аҳмад Гюлдал дар шабакаи телевизионии A — haber.
Қаблан ҳокими вилоят Седдар Явуз дар пахши шабакаи телевизионии A-haber иттилоъ дода буд, ки шумораи ҳалокшудагони таркиш ба 10 нафар расида, ҳолати ду нафари онҳо вазнин мебошад. Ба гуфтаи ӯ, мошини борбардор аз ғалла пур шуда, таркиш ҳангоми ба киштӣ бор намудан рух додааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






