Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки байнидавлатӣ муносибатҳои муросилотиро тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлуҳои муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо президенти Бонки байнидавлатӣ Андрей Липин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Таъкид шуд, ки Бонки байнидавлатӣ фаъолияти худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамкории иқтисодӣ ва тақвияти муносибатҳои молиявию бонкӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) идома дода истодааст.
Мусоҳибон ҳамзамон тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо роҳи васеъ намудани амалиёт ва пардохтҳо бо асъори миллӣ, дарёфти масири нави ҳамкорӣ бо Бонки байнидавлатӣ ва табодули таҷриба дар бахшҳои сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар мулоқот ба масъалаҳои тақвияти маблағгузории савдо, ҳисобаробаркуниҳои тарафайн бо асъори миллӣ, анҷом додани амалиёти Своп ва васеъ намудани шабакаи суратҳисобҳо дахл гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Бонки байнидавлатӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамкории иқтисодӣ ва ташкил намудани муносибатҳои молиявию бонкии бисёрҷониба байни давлатҳои аъзои ИДМ 22 январи соли 1993 аз ҷониби сарони ҳукуматҳо ва бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои ИДМ таъсис дода шуда, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзию молиявии байналмилалӣ амалӣ намудааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид






