Дар Душанбе китоби академик Акбар Турсон «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби академик Акбар Турсон ба забони русӣ таҳти унвони «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» («Велик от земли до Сатурна предел…») бахшида ба гиромидошти хотираи академикҳо Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ рӯнамоӣ гардид.
Зимни рӯнамои асари «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал» гуфта шуд, ки ҳадафи чопи асар ҷавобҳои илмӣ додан ба он назарҳои ғаразноке мебошад, ки солҳои охир дар бораи китоби «Тоҷикон» ва фаъолияти онҳо пайдо шудаанд.
Дар ҷамъомад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, академик Акбар Турсон, профессорон Саъдулло Раҳимов, Аскаралӣ Раҷабов ва Тоҷиддин Мардонӣ дар мавзуъҳои «Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ симоҳои барҷаста ва калидии таъриху фарҳанги тоҷик», «Масоили нақди илмӣ ва адабию бадеӣ дар Тоҷикистон, «Академик Муҳаммад Осимӣ-равшангари муаммоҳои фарҳанги тоҷик, «Бобоҷон Ғафуров аз нигоҳи муҳаққиқ ва сиёсатмадори араб» ибрози андеша намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ хизматҳои шоёни академик Бобоҷон Ғафуровро дар муаррифии таърихи халқи тоҷик шоиста ва шоҳасари ў «Тоҷикон»-ро дар шинохти миллати тоҷик муҳим арзёбӣ намуд.
Мавсуф ҳамчунин таъкид намуд, ки мақоми илми тоҷик дар давраи роҳбарии академик М. Осимӣ, рушди илмҳои бунёдӣ ва гуманитарӣ, инчунин омода намудани кадрҳои илмӣ намоён аст.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






