Дар Душанбе намоиши ҳунарҳои кишоварзӣ ва мардумии ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин доир шуд

Август 28, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Боғи Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ноҳияи Муъминобод баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоиш сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Муъминобод иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худро пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд.

Дар даромадгоҳи боғ меҳмононро гулдухтарони чаканпӯши ноҳия бо нону намак ва шеъру гулдастаҳо хайрамақдам гуфтанд. Сипас меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ (чакандӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, заргарӣ, муҳрабофӣ, шерозбофӣ, бофандагӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ, сабадбофӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ, чармдӯзӣ, гилембофӣ) ва дигар маҳсулоти саноатӣ шинос шуданд.

Дар як тарафи боғ занони доиразан бо чеҳраҳои хандон ва гулдухтарон бо либосҳои миллӣ рақсу хурсандӣ доштанд. Маҳсулоти омоданамудаи занон диққати бинандагонро ба худ мекашид.

Инчунин варзишгарони ноҳия намудҳои гуногуни бозиҳои варзиширо намоиш доданд.

Инчунин дар гӯшаи дигари боғ хона барои арӯсу домод омода ва бо ҷиҳози арӯсӣ муҷаҳҳаз гардида, ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуд.

Ба сокинону меҳмонон барномаи ҳунарии санъаткорони шинохтаи Тоҷикистон Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Ҷумахон Сафаров, Содиқ Холов ва дигар ҳунармандони ноҳия дар сатҳи баланд пешниҳод гардид.

Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи баланд гузаронидани намоиши мазкур иштирокчиёни ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва ноҳияи Муъминобод бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 28, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд