Дар Кӯшониён ярмаркаи либосҳои мактабӣ ва ашёи таълимӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Кӯшониён- шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилоту идораҳо, намояндагони корхона ва коргоҳҳои дӯзандагӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва падару модарон намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ва ашёи таълимӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.
Дар ярмарка беш аз 10 номгӯй намунаи либосҳои мактабӣ бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардида буд.
Роҳбарият аз сифати либосҳои омодагардида изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба масъулин ва истеҳсолкунандагон дастур дода шуд, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чунин ярмаркаҳо гузаронида, ба сифати либосҳо аҳамияти хосса дода, бо нархи дастрас пешкаши харидорон намоянд.
Сипас бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳал мулоқоти корӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд, ободонию созандагӣ, пешниҳоди дурусти ҳисоботи оморӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва камбудиву норасоиҳои баъзе аз соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ибрози назар шуда, баҳри бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласаи корӣ роҳбарияти ноҳия вобаста ба масъалаҳои баррасишуда тамоми фаъолони ноҳияро вазифадор намуданд, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ ба камбудиву норасоиҳо роҳ надода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз тамоми имконияти мавҷуда самаранок истифода намоянд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд






