Дар Мурғоб Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ифтитоҳ ёфт

Август 18, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ноҳияи Мурғоб дар майдони 10 гектар Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маркази  офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ бо мақсади табобату офиятбахшии ҳайвонҳои нодири ноҳия, аз ҷумла бабри барфӣ сохта шудааст. Дар Маркази мазкур ҳайвоноти нодир, ки дар ҳолатҳои гуногун захм бардошта ё ба бемориҳои дигар дучор шудаанд, табобат шуда, сипас ба табиат сар дода мешаванд.

Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди Маркази мазкур наслгирӣ ва зиёд намудани теъдоди бабри барфӣ дар табиати кӯҳӣ,  пеш бурдани корҳои омӯзишӣ ва илмӣ бо ҷалби олимони дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Бо мақсади нигоҳдории  муваққатии ҳайвоноти нодир ва бо хӯрок таъмин намудани онҳо дар Маркази офиятбахшӣ аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ишкошим сохтмон ва бунёди «Хоҷагии ёрирасон» дар назар дошта шудааст, ки дар он ҳайвоноти хурд, ба монанди харгӯш парвариш мешаванд. Чунин шароит имкон медиҳад, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ бо чунин Маркази офиятбахшие, ки дар он ҳайвоноти нодир ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд, шинос шаванд.

Масоҳати умумии Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ дар ноҳияи Мурғоб 10 гектарро ташкил дода, дар доираи ин иншооти ҷашнӣ корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, масоҳати фоиданок барои сайри бабри барфӣ  аз 1100 метри мураббаъ, масоҳати фоиданок барои шикори бабри барфӣ 7 гектар ё ин ки 70000 метри мураббаъ, роҳравҳо аз тахтасангҳо 80 метри мураббаъ, чарағокҳои баландпоя барои равшанидиҳӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, камераҳои назоратӣ, панҷарабандии атроф 6900 метри  мураббаъ  ва дигар таҷҳизоти зарурӣ иборат аст.

Ноҳияи Мурғоб табиату иқлими хос ва ҳайвоноти нодире, чун бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло (архари помирӣ), дигар ҳайвоноти нодир дорад, ки муаррифи Тоҷикистон мебошанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд