Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Август 17, 2023 17:18

 ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Нахуст ҳозирин бо намоиши кормандони соҳаи тандурустӣ, ки аз шаҳру навоҳии вилоят ҷамъ омада буданд, шинос шуданд. Дар намоиш маводи дорувории тиббӣ, намунаи технологияҳои муосир барои табобати узвҳои гуногуни бадан, барномаҳои рушди соҳаи тандурустӣ ва дигар маводи тиббӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар вилоят 1785 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 10 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ, 110 муассисаи беморхонавӣ, 259 маркази махсусгардонида ва 2 маркази ёрии таъҷилӣ фаъолият намуда истодаанд.

Таъкид шуд, ки хушбахтона, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025» бо маблағи 1 милларду 315 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва шарикони рушд тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Ин ғамхории Роҳбари давлат ба беҳдошти сиҳатии мардум ва рушди соҳаи тиб равона шудааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар самти тайёр намудани кадрҳои баландтахассус ва кам кардани норасоии кадрӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 17, 2023 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид