Дар шаҳри Хуҷанд толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» ифтитоҳ гардид

Август 12, 2023 15:54

ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар таҳхонаи бинои баландошёнаи микроноҳияи 19-уми  шаҳри Хуҷанд толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар мағоза зиёда аз 200 номгӯй мебел бо тамғаи молии ширкати «EMBAWOOD» ба фурӯш гузошта шудааст. Мизоҷоне, ки аз ин ширкат мебел мехаранд, имкон доранд аз васлу пайваст, дастраскунӣ ва кафолати дусолаи он бархӯрдор гарданд. Ин имтиёзу хизматрасонии муфид имкон медиҳад, ки сафи мизоҷон боз ҳам афзун шуда, дар инкишофи шабакаи фаъолияти толорҳои нави ширкат мусоидат намояд.

Ширкати бонуфузи байналмилалии «EMBAWOOD» аз брендҳои машҳури ҷаҳонӣ мебошад, ки ба истеҳсол ва фурӯши мебел дар давлатҳои Аврупо, Африқо, Осиёи Миёна ва Қафқози шимолӣ машғул аст. Он дар Тоҷикистон аз соли 2009 фаъолият дошта, бо хизматрасонӣ ва сифати маҳсулоташ аллакай байни мардум эътироф гаштааст.

Зимни ифтитоҳ иброз гардид, ки мақсаду ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат -ин амалан фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо буда, он ба некӯаҳволии сокинон, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва таҳкими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ равона гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 12, 2023 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд