Дар зарфи беш аз даҳ сол занони ихтироъкори Тоҷикистон соҳиби 27 медали тилло гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2012 то инҷониб 57 нафар занҳои ихтироъкори Тоҷикистон бо пешниҳоди 66 ихтирои худ дар форумҳо ва намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 27 медали тилло, аз ҷумла 2 медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 28 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд. Чунин гуфта шуд зимни маҷлиси тантанавӣ бо иштироки ихтироъкорону навоварон ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки директори муассиса Мирзо Исмоилзода ба ихтироъкорон, масъулини соҳаи ихтироот ва нафароне, ки дар эҷодкорӣ саҳм гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо натиҷаҳои зеҳнии худ муаррифӣ менамоянд, муваффақият таманно намуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушди иқтисодиёти мамлакатро ба соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии натиҷаҳои эҷодии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он таъмин менамояд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиса корҳои мушаххас, аз ҷумла ташкили даврҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳии моликияти зеҳнӣ, озмунҳо, муаррифии ихтироот ба истеҳсолот ва масъалаҳои тиҷоратикунонии соҳаро иҷро намуда истодааст.
Дар маҷлис дастовардҳои занони ихтироъкори мамлакат, ки аз Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2023» дар Кореяи Ҷанубӣ (21-22 июли соли 2023) ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот ва инноватсия «INTARG 2023» дар Полша (24-25 майи соли 2023) ба даст овардаанд, бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд






