ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Дар Ёвон омӯзгорон ва хонандагони фаъол бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд

Август 21, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 нафар омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон зимни баргузории машварати августии омӯзгорон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маҳз омӯзгорони пешсаф ва хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, мавриди ҳавасмандӣ қарор гирифтанд. Инчунин ба хатмкунандагони аттестати аъло ва волидону омӯзгорони онҳо низ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Дар машварати августии омӯзгорон намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ иштирок карда, «Ифтихорнома»-и сардори Раёсати маорифро ба омӯзгорони намунавӣ тақдим намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масъалаи истифода аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дошта, дар ин самт корҳо идома доранд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд амалӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илм хабар доданд, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд, ки яке аз онҳо барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан мебошад.

Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд.

Ҳамзамон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар мешаванд.

Имтиёзи дигар барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ин аст, ки барои 3 сол ба маошашон иловапулӣ муқаррар  шудааст. Андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 21, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид