Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷаҳон шартнома ба имзо расонидааст
ДУШАНБЕ, 01.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст. Чунин иттилоъ дод ректори Донишгоҳи технологӣ Илҳом Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.
Иброз гардид, ки соли 2023 низ донишгоҳ дар амалӣ гардидани 5 лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо Лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» –и Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), лоиҳаҳои Ташкилоти Кореягии WTIT «Интиқоли технологияҳои коммуникатсионии глобалӣ», Маркази байналмилалии тиҷоратӣ (ITC) фаъолона иштирок намуда истодааст, ки амалишавии бештари онҳо солҳои оянда низ идома меёбад.
Раванди мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон дар мувофиқа бо созишномаҳои байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои шарики барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла барномаи мубодилаи академии Erasmus+ KA107, лоиҳаи «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ» ва «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ»–и Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ва инчунин бурсияҳои давлатӣ амалӣ мешавад.
«Аз ҷумла, дар ин давра барои 25 нафар омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ имконият фароҳам оварда шуд, ки дар семинар-тренинг, форумҳо ва конфронсҳо иштирок намуда, такмили маҳорати касбӣ ва савияи тадқиқоти илмии худро сайқал диҳанд», -гуфт ректори донишгоҳ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид






