«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Вазири маориф ва илм бо ҷараёни баргузории ин озмун дар Суғд шинос гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар қаламрави мамлакат даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. 20 август Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ” дар шаҳри Бӯстон» шинос гардид.
Таъкид шуд, ки озмун таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, соли панҷум аст шумораи зиёди иштирокчиёнро ба китобу китобхонӣ ҷалб менамояд. «Мо бояд дар навбати аввал бо таъмин намудани шаффофият дар баргузории озмун аз ин иқдоми Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ кунем»,-иброз дошт Вазири маориф ва илм.
Озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ байни аҳолии мамлакат гузаронида мешавад
Имсол дар даври якуми озмун дар ҷумҳурӣ 239 ҳазору 657 нафар довталаб ва дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуда, ба даври сеюм 3506 нафар роҳ ёфтанд. Ба даври сеюми озмуни мазкур аз вилояти Суғд 1146 нафар роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмун 14 август шуруъ гардида, ҷамъбасти он пас аз 26 август дар назар аст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






