«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Вазири маориф ва илм бо ҷараёни баргузории ин озмун дар Суғд шинос гардид

Август 21, 2023 13:37

ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар қаламрави мамлакат даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. 20 август Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ” дар  шаҳри Бӯстон» шинос гардид.

Таъкид шуд, ки озмун таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, соли панҷум аст шумораи зиёди иштирокчиёнро ба китобу китобхонӣ ҷалб менамояд. «Мо бояд дар навбати аввал бо таъмин намудани шаффофият дар баргузории озмун аз ин иқдоми Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ кунем»,-иброз дошт Вазири маориф ва илм.

Озмуни мазкур тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ байни аҳолии мамлакат гузаронида мешавад

Имсол дар даври якуми озмун дар ҷумҳурӣ 239 ҳазору 657 нафар довталаб ва дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуда, ба даври сеюм 3506 нафар роҳ ёфтанд. Ба даври сеюми озмуни мазкур аз вилояти Суғд 1146 нафар роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмун 14 август шуруъ гардида, ҷамъбасти он пас аз 26 август дар назар аст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2023 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд