ФУТБОЛ. 24 сентябр марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон-2023 оғоз мешавад

Август 31, 2023 09:03

ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асоси нақшаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон 24 сентябр бозиҳои марҳилаи сеюми мусобиқоти чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол оғоз мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба далели он ки бозии мавқуфгузоштаи даври сенздаҳум байни бошгоҳҳои КМВА ва «Истиқлол» то ҳол баргузор нашудааст (бозӣ моҳи сентябр баргузор мешавад),  мавқеи ҷойгиршавии дастаҳои панҷгонаи поёнии чемпионати Тоҷикистон-2023 маълум нест.

Ҳангоми тартиб додани тақвими марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 бошгоҳҳо мувофиқи ҷойи ишғолкардаи худ рақамҳои силсилавӣ мегиранд. Тақвими марҳилаи сеюми чемпионат бо истифода аз ҷадвали Бергер тартиб дода мешавад.

Дар марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гурӯҳ  ҷудо  мегарданд. Имтиёзҳои дар ду марҳила бадастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои қисми аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр байни ҳам бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-и ҷадвал мубориза мебаранд. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «Б» дар алоҳидагӣ бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум рақобат менамоянд. Дар охири мавсим ду дастаи поёнӣ ба Лигаи якум меравад. Дар маҷмуъ ҳар даста дар чемпионати Тоҷикистон-2023 22-бозигӣ анҷом медиҳад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 31, 2023 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд