Гурӯҳи корӣ ва Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода зарари аз сел расидаро муайян менамояд

Август 29, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон  Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута шомил мебошанд. Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода-ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони сохтору идораҳои марбута барои бартараф намудани офатҳои табиӣ ба ҷойҳои ҳодиса рафтанд.

Инчунин аъзои Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода якҷоя бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба зарардидагон  хона ба хона гашта, зарари аз хисорот расидаро муайян менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 27 август бар асари боронҳои шадид дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод сел, санг ва ярч фаромад, ки ба хонаю замини сокинон хисороти ҷонию молӣ расонид.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 29, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад