Гурӯҳи корӣ ва Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода зарари аз сел расидаро муайян менамояд
ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута шомил мебошанд. Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода-ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони сохтору идораҳои марбута барои бартараф намудани офатҳои табиӣ ба ҷойҳои ҳодиса рафтанд.
Инчунин аъзои Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода якҷоя бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба зарардидагон хона ба хона гашта, зарари аз хисорот расидаро муайян менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 27 август бар асари боронҳои шадид дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод сел, санг ва ярч фаромад, ки ба хонаю замини сокинон хисороти ҷонию молӣ расонид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






