Имсол Тоҷикистонро дар ҷашнвораи 14-уми байналмилалии хайриявӣ дар Москва хонандаи синфи 10-ум муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи марҳилаҳои интихобӣ дар Русия ва ҳашт давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироккунандагони ҷашнвораи 14-уми байналмилалии хайриявӣ муайян гардиданд, ки дар байни онҳо хонандаи синфи 10 литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизоваи 16-сола низ мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар даври интихобӣ Нилуфар Азизова таронаи «Вақте ки ту бовар мекунӣ»-ро («When You Believe») пешниҳод намуд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳунари ӯ аз ҷониби муассис ва илҳомбахши лоиҳа, Ҳунарпешаи мардумии Русия Диана Гуртская баҳои баланд гирифт.
Бояд гуфт, ки 10 октябр дар Москва гала- консерти фестивали «Асои сафед» барпо мегардад. Дар он ситораҳои эстрадаи Русия дар як саҳна бо кӯдакону наврасони биноиашон суст ҳунарнамоӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта як иштироккунанда аз Тоҷикистон Алим Музофирови 9-сола бо Денис Майданов дуэт хонда буд. Нилуфар кадом таронаро ва бо кадоме аз ситораҳо месарояд, аз натиҷааш дертар маълумот медиҳем.
АКС аз манбаъҳои боз








Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад






