ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Кушониён дар майдони 120 гектар кишти чигити австралӣ ба роҳ монда шудааст

Август 23, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самараноку оқилона истифода намудани  заминҳои корами обӣ ва аз он гирифтани ду-се ҳосил Раиси вилояти Хатлон дар маъракаи оғози ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҶДММ иттиҳодияи аграрии «Водии Заррин»-и Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кушониён иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Роҳбарияти вилоят, масъулин ва саҳмдорони хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ карда, аз ҳосили фаровон ва заҳмати хоҷагидорон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҶДММ иттиҳодияи аграрии «Водии Заррин» дар майдони 120 гектар кишти чигити австралиро ба роҳ мондааст, ки ин навъи пахта ба обу хоки ин минтақа мутобиқ мебошад.Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Кушониён имсол аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва дигар намудҳои он ба муваффақияти назаррас ноил гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта фоизи ҳосилнокӣ баланд мебошад.

 Раиси вилоят ҳамчунин бо намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия шинос шуда, вобаста ба ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ дар заминҳои корами ноҳия бо масъулини соҳа суҳбат намуд. Гуфта шуд, ки кишоварзони ноҳия имсол дар майдони 10 ҳазору 844 гектар кишт гузаронидаанд, ки ин рақам нисбат ба нақшаи пешбинишуда 24 гектар зиёд мебошад ва аз мувафақияти кишоварзони ноҳия дарак медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 23, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад