МУАРРИФИИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе гӯшаҳои сайёҳӣ ташкил шуданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 август дар ҳошияи намоиш-фурӯши махсулоти кишоварзӣ ва барномаҳои ноҳияи Вахш дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, шаҳри Роғун дар Боғи Куруши Кабир ва шаҳри Истаравшан дар Боғи Ирам гӯшаҳои сайёҳӣ ташкил намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.
Гӯшаҳои сайёҳии мазкур бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат -шаҳри Душанбе амалӣ гардиданд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконоти рушди сайёҳӣ дар мамлакат тариқи руқъаҳо, брошюраҳо ва дигар маводи иттилоотӣ мавриди баҳрабардории иштирокчиён қарор дода шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки баргузории чунин барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ намудани имконияти сайёҳии мамлакат мусоидат намуда, пешниҳод намудани маводи иттилоотӣ-тарғиботӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ дар ин гуна намоишҳо дар рушди фаъолияти онҳо нақши муҳим мебозад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






