Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ» ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омодагӣ ба соли нави хониши 2023-2024 дар заминаи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», таҳким бахшидани раванди таълиму тарбия дар ҷомеа ва бо дарназардошти таҷдиди сохтор Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ» ба фаъолият оғоз намуда, роҳбарияти нави он таъйин гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар ин замина мулоқоти роҳбарияи шаҳру вилоят ва роҳбарияти идораи маориф бо ҳайати омӯзгорони муассиса баргузор гардида, ба фаъолияти ин муассиса баъд аз таҷдид оғози расмӣ бахшида шуд. Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ аз роҳбарияти нави муассиса ва ҳайати омӯзгорони он даъват ба амал оварданд, ки ба фаъолияти муқаррарии худ идома бахшида, ба соли нави хониш омодагии ҷиддӣ бинанд.
Директори нави муассиса Хушбахт Давлатов вазифадор гардид, ки ба фаъолияти муассиса такони ҷиддӣ бахшида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар он тадбирҳои дахлдор андешад.
Ҳамин тариқ, сокинони вилоят ва шаҳри Хоруғ метавонанд ба муассиса ҳозир шуда, вобаста ба раванди таълиму тарбияи фарзандон ва омодагии онҳо ба соли нави хониш бо омӯзгорон ҳамкорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки маблағи таълими хонандагон ва маоши ҳайати омӯзгорон бо тартиби қаблӣ нигоҳ дошта мешавад.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






