Мулоқоти кории ҳайатҳои дуҷонибаи милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкини Чин доир гардид

Август 9, 2023 14:37

ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар доираи сафари корӣ ҳайати расмии намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Департаменти мазкур Инг Сунфу ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони мақомоти милитсияи пойтахт шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Сардори  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода ҳайати меҳмононро бо воситаҳои нақлиёте, ки дар доираи муносибатҳои дуҷониба аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе тақдим гардидаанд, шинос намуд.

Иброз дошта шуд, ки дар доираи ҳамкории стратегии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳри Душанбе муносибатҳои дӯстонаи ҳамкориро дар сатҳи баланд амалӣ намуда, имрӯзҳо робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкории низомии дуҷониба тақвият меёбанд.

Дар ин замина дар доираи санадҳои баимзорасида байни вазоратҳои ду давлат сафарҳои кориву мулоқоти дуҷониба ба роҳ монда шудаанд, ки метавонанд ба табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони милитсия мусоидат намоянд.

Зимни мулоқоти дуҷониба ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ошкорсозии ҷиноятҳои кибернетикӣ ва қаллобӣ тавассути интернет, баргузории чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами ҳамдигар дар самтҳои гуфташуда табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ҳайати намояндагони политсияи шаҳри Нанкин бо ҷараёни сохтмони бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуда, омодагии худро ҷиҳати расонидани кумакҳои техникӣ иброз намуд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Август 9, 2023 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд