Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Ҳисор бо ҷараёни баргузории даври минтақавии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар китобхонаи марказии шаҳр бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, шинос шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки муовини Сарвазир дар толорҳое, ки озмун мегузарад, бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни он суҳбат ороста, ҳакамони озмунро ба шаффофу одилона баҳо гузоштан ба донишу малакаи довталабони озмун ҳидоят намуд.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат ҳамасола баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки даври сеюм- минтақавии озмун дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор оғоз гардид. Дар он нафароне, ки аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар даврҳои якуму дуюм ғолиб дониста, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок менамоянд.
Довталабони озмун аз рӯйи шаш номинатсия- адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди наср донишу малака месанҷанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор гардидани озмун шароиту имконияти зарурӣ фароҳам овардааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад






