Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва иҷрои корҳои созандагиву ободкорӣ шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Гурӯҳи корӣ дар ибтидо бо вазъи нашъунамои пахта, ангур, шолӣ ва тарбуз шинос гардид.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ба муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин оид ба вазъи боғдорӣ, шолипарварӣ ва дигар самтҳои соҳа маълумоти муфассал дода шуд.
Ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқаворӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба роҳбарону масъулини соҳа якчанд супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода


















Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






