НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ ба дастгирии занон ва беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо равона гардидаанд
ДУШАНБЕ, 13.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030 ва нақшаи амали он барои солҳои 2021-2025 ба имзо расонида шуд. Яке аз самтҳои ин стратегия соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти хуби занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, имрӯзҳо он 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус 9 август Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.
Ин грантҳо бештар дар самти дӯзандагӣ, парандапарварӣ, ҳунармандӣ, адрасу атласбофӣ истифода мешаванд.
Гуфта шуд, ки соли 2023 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст шуданд. Имсол 80 нафар занону духтарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастгирии навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бархӯрдор гардида, бо Дипломи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ғолиби озмуни гранти президентӣ дар соли 2023 сарфароз гардонида шуданд.
«Имсол 13 нафар занону духтароне, ки аз оилаҳои осебпазир буданд, соҳиби грантҳои президентӣ шуданд»,- гуфт Раиси Кумита.
Тазаккур дода шуд, ки мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






