НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 65 хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатӣ соҳиби дипломи аъло гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1257 нафар хатм намуда, аз ин теъдод 65 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода баён дошт.
Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки аз 4 ҳазору 864 донишҷӯ ва магистрант 979 нафар тариқи ройгон ва 3885 нафар тариқи пулакӣ таҳсил менамоянд.
Дар айни замон дар Академия 15 ихтисос дар зинаи докторантураи PhD ва 10 ихтисос дар зинаи докторантураи анъанавӣ амал менамоянд, ки ҳоло 38 нафар докторант ва 236 унвонҷӯ ба фаъолияти илмӣ -таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 188 нафар омӯзгорону профессорони Академия дар чорабиниҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла конференсияҳои академиявӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, ҳамоишу машваратҳои илмӣ иштирок намуда, маъруза намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии раёсати Академия- ин фаъолияти бомаром ба мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ, шаклу усулҳои ташкили раванди таълим ба рушди сармояи касбӣ, инчунин эҷодиёти коммуникативӣ ва омодагии мутахассисони оянда ба муоширати пурраи касбӣ бо забонҳои хориҷӣ дар соҳаи сиёсӣ ва хизмати давлатӣ мебошад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






