НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар шаш моҳ фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноиро қатъ намудааст
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2023 фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноии иборат аз 47 нафар, инчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ошкор ва ҷилавгирӣ гардид. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 366 килою 785 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 114 килограмму 956 грамм ё 45,6 фоиз зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки мусодираи маводи мухаддир афзоиш ёфта, афюн 50,3 фоиз, ҳашиш 15 фоиз, бангдона 51 маротиба, моддаҳои психотропӣ дар шакли хока 4,4 ва лавҳаҳои психотропии синтетикӣ 2,8 маротиба зиёдтар мусодира шудааст.
Ба иттилои Ҳабибулло Воҳидзода, дар ин муддат 69 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 15,9 дарсад камтар аст.
Муфаттишони агентӣ 122 парвандаи ҷиноӣ қабул ва 81 парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Аз ин шумора 42 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 66 нафар ба суд ирсол ва дар робита ба он молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 309,3 ҳазор сомонӣ мусодира гардид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






