НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Истаравшан 24 корхонаи саноатӣ бо 128 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуданд
СУҒД, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 80 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар ин корхонаҳо ба маблағи 483 млн 011 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129 млн 500,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва иҷрои нақша 136,6 фоизро ташкил намуд. Ин матлабро 3 август Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 24 корхонаи саноатӣ бо 128 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуданд. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда 375 млн 504 ҳазор сомониро ташкил дод.
Зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Истаравшан таваҷҷуҳи ҳозиринро ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сохтмону ободонӣ, маорифу тандурустӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмиру тармими роҳҳо ҷалб намуд.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон 209 млн 283,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн 353,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда,102,6 фоизро ташкил медиҳад.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






