НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 10 млрд 633,3 млн кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид

Август 11, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 10 млрд 633,3 млн кВт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 341,2 млн киловатт-соат зиёд мебошад, — иттилоъ дода шуд 10 август дар нишасти матбуотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» оид ба натиҷаҳои фаъолият давоми шаш моҳи соли равон.

Аз ҷумла, истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» 7 млрд 868,6 млн кВт-соат, дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 1 млрд 385,5 млн кВт-соат, дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» 435,5 млн кВт-соат ва дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» 963,7 млн кВт-соатро ташкил додааст.

Талафоти неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 38,8 млн кВт-соатро ташкил додааст, ки ба 0,49 фоизи барқи истеҳсолшуда баробар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон бо мақсади таъмин кардани ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикӣ, баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ ва сохтмонӣ  ба маблағи 19,9 млн сомонӣ анҷом дода шуданд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ
«Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд