НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи махсус барои санҷиши мехсутунҳои биною иншоот таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси озмоишгоҳи махсусгардонида барои санҷиши мехсутунҳо иттилоъ медиҳад.
Тавре имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати мамлакат гуфта шуд, озмоишгоҳи махсусгардонида бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Русия ҷиҳозонида шудааст. Озмоишгоҳ бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда ва таъмини ба зилзила тобовар намудани бинову иншоот таъсис дода шудааст.
Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ мешавад. Мақсади асосии санҷиш- ин муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки баъд аз зилзилаи муҳише, ки моҳи феврали соли равон дар Туркия ва Сурия рух дод, бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон барои таъмини ба зилзила тобовар намудани бинову иншооти сохташаванда тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд






