НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Эътимоди сокинони Тоҷикистон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ афзудааст

Август 11, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нимаи аввали имрӯз бо ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ баргузор гардид, иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли 2023 дар ҳудуди мамлакат 11 ҳазору 612 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 870 ҷиноят кам мебошад.

Тавре ки ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, дар ин давра аз  тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 479 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз ин шумора 4 ҳазору 399 ҷиноят тафтиш шуда, кушодашавии ҷиноятҳои содиршуда ба 85,3 % баробар мебошад.

Мутаассифона, то ҳоло ҷиноятҳои вазнин ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ҷумла, 24 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, 54 ҷинояти  қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 25 ҷинояти таҷовуз ба номус, 34 ҷинояти савдои одамон, 5 ҷинояти роҳзанӣ, 61 ҷинояти ғоратгарӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар ҷинояти дуздӣ  — 2 ҳазору 229 ҳолат ба ҳисоб гирифта  шудааст.

Содир шудани ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо нисбат ба соли гузашта камтар шуда, дар давраи ҳисоботӣ 258 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайд гирифта шуд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи пеш бурдани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 273 силоҳи оташфишон ва аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 322 кг воситаҳои нашъадорро мусодира намуданд.

Давоми шаш моҳи аввали соли равон 1 ҳазору 517 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ҳамчунин 195 аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуданд.

Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки тибқи назарсанҷии созмонҳои гуногун, эътимод ва боварии сокинони мамлакат ба мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд гардида, сокинон дар симои кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ пуштибон ва ҳомии худро мебинанд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар» 

Август 11, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд