НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар Норак 5 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд

Август 4, 2023 10:45

НОРАК, 04.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҷиҳати саноатикунонии шаҳри Норак соли 2023 аз тарафи соҳибкорони шаҳр 5 корхонаю коргоҳи  нави истеҳсолӣ, аз қабили  корхонаи истеҳсоли хишти пухта, коргоҳи истеҳсоли  шарбати анор ва коргоҳҳои истеҳсоли гӯшти паранда, орд ва молҳои дӯзандагӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар айни замон дар корхонаи истеҳсоли хишти пухта дастгоҳҳои зарурӣ насб гардида, он дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад. Чунин иттилоъ дода шуд 3 август ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Имрӯзҳо дар шаҳри Норак 19 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1778 нафар кормандон бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2023 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 887,9 миллион  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,9 миллион сомнӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз ҷумла  8 бинои маъмурӣ, 8 муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи табобатӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 20  корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 42 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар  иншооти боқимонда корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.

Таъкид шуд, ки барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Норак 3 меҳмонхона, 29 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, 186 истироҳатгоҳ, 5 тарабхона ва  боғҳои фарҳангию мағозаҳо  фаъолият доранд. Дар шаш моҳи соли 2023 бо мақсади тамошо ва истироҳат 65 ҳазору 465 сайёҳи дохилӣ ва 3202 нафар меҳмонони хориҷӣ бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Норак шинос шуданд.

 Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид