НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тадбирҳои мақсадноки муштарак сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавононро коҳиш доданд

Август 9, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти  матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки  бинобар андешидани тадбирҳои мақсаднок ва нақшаҳои мушаххаси корӣ аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори соҳавӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, бекоршавии ақди никоҳ дар байни оилаҳои ҷавонон ва нашъамандию нашъаҷалобӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Тавре Раиси  Кумита Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир давоми шашмоҳаи аввали соли 2023  457 хониши сиёсиро бо иштироки 48 ҳазору 323 нафар донишҷӯёну устодон доир намуд

Ҳамзамон бо ташаббуси Кумита дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шуруъ аз 1 июни соли равон бо мақсади фаро гирифтани дигар табақаҳои ҷавонон ва ҷалб намудани насли калонсол дар ташаккул ва тарбияи насли ҷавони мамлакат нақшаи алоҳидаи корӣ ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва маконҳои сераҳолӣ амалӣ гардид. То 30 июни соли равон дар маҷмуъ 380 хониши сиёсӣ бо фарогирии 256 ҳазору 89 нафар кормандони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо доир шуд, ки ин иқдом то моҳи сентябр идома меёбад. Баргузории ин гуна чорабиниҳо ба паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуб мусоидат намуд.

Чунончӣ, мувофиқи маълумоти оморӣ давоми шашмоҳаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо 1713 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта (2022-1944)  231 ҳолат ё 13,4% кам мебошад.

Ҳамзамон дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 258 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (2022 -431) 173 ҳолат ё 40,1 % кам мебошад.

Шумораи бекоршавии ақди никоҳ низ дар ин давра мувофиқи маълумоти оморӣ 5370 ҳолат буда,  нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1895 ҳолат (2022 – 7265) кам аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар» 

Август 9, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд