ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар Хуҷанд мумфаршкунии кӯчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи «Ваҳдат» оғоз гардид

Август 20, 2023 13:20

СУҒД, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳи кӯчаи «Интернатсионалист» оғоз шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди 12 500 иншооти таъйиноти гуногун бомаром идома дорад.

Соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 230 километр роҳҳо мумфарш, ҳолати 2000 километр роҳҳо беҳтар гардонида шуда, 1200 километр роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 1 километр буда, дар маҷмуъ 90 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва пудратчии корҳо ҶДММ «Суғдроҳсоз» Хуҷанд мебошад.

Сокинони кӯча бо ҳашари дастҷамъона дар ду канори роҳ новаҳои обгузар ташкил намуда, хати обу ташноб низ мекашанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 20, 2023 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд