«ОГОҲИИ БАРМАҲАЛ БАРОИ ҲАМА». Дар Душанбе бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҳамоиши дурӯза таҳти унвони «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All), оғоз шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои мамлакат, ниҳодҳои СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ҷаласа аҳамияти ин ташаббусро таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аҳамияти хосса дода, даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро оид ба масъалаҳои марбут ба рушди иқлим дастгирӣ менамояд.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Парвати Рамасвамӣ иброз дошт, ки ифтитоҳи ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» қадами муҳим барои ҳифзи ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳифзи воситаҳои зиндагии онҳо дар баробари тағйири иқлим ва хатарҳо мебошад. «Барои таҳким ва нигоҳ доштани хадамоти огоҳсозии бармаҳал дар мамлакат равиши ҳамгирошудаи иҷтимоӣ бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ муҳим хоҳад буд»,- гуфт ӯ.
Дар ҷаласа шарҳи тағйирёбии иқлим, вазъи пайдоиши хатари офатҳои табиӣ, системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилотро пешниҳод гардид.
Инчунин дар бораи Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ – Ташаббуси коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, идоракунии хатари иқлим дар Осиёи Марказӣ маълумот шунида шуд.
Ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» соли 2022 аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оғоз шудааст. Тақрибан сеяки аҳолии ҷаҳон то ҳол бо низоми огоҳкунии пешакӣ фаро гирифта нашудаанд.
Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP27), ки моҳи ноябри соли 2022 дар Миср баргузор шуд, нақшаи амали «EW4All»-ро қабул намуд. Он сармоягузории бештарро ба омӯзиши хатари офатҳои табиӣ, мушоҳида ва пешгӯӣ, омодагӣ ва вокунишу огоҳии фаврӣ ба ҷамъиятҳои осебпазир равона намуда, ба ин самт диққати махсус медиҳад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






