«ОГОҲИИ БАРМАҲАЛ БАРОИ ҲАМА». Дар Душанбе бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд

Август 29, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҳамоиши дурӯза таҳти унвони  «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All), оғоз шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарону  намояндагони як қатор вазорату идораҳои мамлакат, ниҳодҳои  СММ ва дигар ташкилоту  созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ  иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ҷаласа аҳамияти ин ташаббусро таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аҳамияти хосса дода, даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро оид ба масъалаҳои марбут ба рушди иқлим дастгирӣ менамояд.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Парвати Рамасвамӣ иброз дошт, ки ифтитоҳи ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» қадами муҳим барои ҳифзи ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳифзи воситаҳои зиндагии онҳо дар баробари тағйири иқлим ва хатарҳо мебошад. «Барои таҳким ва нигоҳ доштани хадамоти огоҳсозии бармаҳал дар мамлакат равиши ҳамгирошудаи иҷтимоӣ бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ муҳим хоҳад буд»,- гуфт ӯ.

Дар ҷаласа шарҳи тағйирёбии иқлим, вазъи пайдоиши хатари офатҳои табиӣ, системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилотро пешниҳод гардид.

Инчунин дар бораи Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ – Ташаббуси коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, идоракунии хатари иқлим дар Осиёи Марказӣ маълумот шунида шуд.

Ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» соли 2022 аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оғоз шудааст. Тақрибан сеяки аҳолии ҷаҳон то ҳол бо низоми огоҳкунии пешакӣ фаро гирифта нашудаанд.

Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP27), ки моҳи ноябри соли 2022 дар Миср баргузор шуд, нақшаи амали «EW4All»-ро қабул намуд. Он сармоягузории бештарро ба омӯзиши хатари офатҳои табиӣ, мушоҳида ва пешгӯӣ, омодагӣ ва вокунишу огоҳии фаврӣ ба ҷамъиятҳои осебпазир равона намуда, ба ин самт диққати махсус медиҳад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 29, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид