Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид

Август 13, 2023 09:33

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи раддабандии ширкати тадқиқотии Numbeo, Катания дар Ситсилия хатарноктарин шаҳри Аврупо эътироф шудааст. Сипас дар рӯйхат шаҳрҳои Марсел (Фаронса), Бирмингем ва Ковентри (Британияи Кабир) ҷой гирифтаанд. Дар сафи охир ба даҳгонаи шаҳрҳои хатарноктарин Шарлеруа (Белгия), Неапол (Италия), Монпелйе (Фаронса), Лйеж (Белгия), Гренобл ва Нант (ҳар ду Фаронса) дохил мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.

Раддабандӣ аз рӯи якчанд меъёр тартиб дода мешавад. Ғайр аз сатҳи ҷинояткорӣ, ки онро воқеан андоза намудан мумкин аст, инчунин идроки шахсӣ, порахӯрӣ ва ришваситонӣ низ ба назар гирифта мешаванд. Берн, Мюнхен ва Тсюрих аз ҳама бехатартарин шаҳрҳои Аврупои Ғарбӣ номида шудаанд.

Шаҳри аз ҳама хатарноктарини ҷаҳон- ин Каракас дар Венесуэла мебошад. Ҷойҳои минбаъдаро Претория (ҶАҶ), Порт-Морсби (Папуа- Гвинеяи Нав) ва Дурбан (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) ишғол менамоянд. Мувофиқи маълумоти Numbeo, бехатартарин шаҳрҳои ҷаҳон инҳо Ал-Абузабӣ ва Аҷман дар Аморати муттаҳидаи Араб ба ҳисоб мераванд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ

Август 13, 2023 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид
Бар асари тӯфони Отис дар Мексика 27 нафар ҳалок шуд
Бар асари таркиш дар Афғонистон ду нафар ҳалок ва нуҳ нафар захмӣ шуданд