Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Маркази намоишиву озмоишии «Шаҳри ҳушманд» дар Пекин шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, бо фаълояти Маркази намоишиву озмоишии «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» аз дастовардҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар муътадилгардонии кори низоми нақлиётӣ, истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ, содагардонии равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти шаҳр, беҳбуди муҳити созгор ва сатҳи зиндагӣ метавонад нақши назаррас дошта бошад.
Имрӯз кишвари Чин бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи мониторинг, коркарди маълумотҳои калон ва зеҳни сунъӣ дар самти содда кардани низоми идоракунии шаҳрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва пешбурди ташаббусҳо оид ба шаҳрҳои ҳушманд мавқеи пешсафиро дар ҷаҳон касб намудааст.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






