Раиси вилояти Хатлон бо шароити хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шинос шуд

Август 10, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 август  Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо шароити хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба сарбозони қисми низомии мазкур зиёда аз 9 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва мева  дастрас намуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.

Раиси вилоят бо сарбозон ҳамсуҳбат шуда, аз шароити имрӯзаи хизматашон пурсон шуд. Маълум гардид, ки шароити қисми низомӣ қаноатбахш буда, ҳамасола садҳо нафар ҷавонон дар ин даргоҳ адои хизмати Ватан-Модар намуда, бо сари баланд ба назди оилаи хеш бармегарданд.

Раиси вилоят зимни вохӯрӣ сарбозони қаторӣ ва афсарони баландрутбаро даъват намуд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият ва ҳифзи амнияти Тоҷикистон тавассути хизмати содиқона равона намоянд.

Ҳамзамон ба падару модароне, ки ин гуна фарзандони бонангу номусро баҳри хизмати содиқонаю сарбаландона ба Ватан-Модар ба  воя расонидаанд, изҳори миннатдорӣ намуда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 10, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд