Роҳҳо пайвандгари наслҳо
Роҳсозию роҳдорӣ аз суннатҳои қадимаи мардуми мо
ба ҳисоб меравад. Дар тўли асрҳои зиёд роҳҳо халқи тоҷикро
бо кишварҳо ва тамаддуни фарҳангҳо пайваст намуда, омили
пешрафти ҷомеаи инсонӣ ва ривоҷи тиҷорат гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар доираи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ифтитоҳ гардида истодаанд, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар давоми си соли охир, дар сарзамини мо рӯйдоду корнамоиҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки барои садсолаҳо аҳаммият доранд ва аз насли имрӯза барои ворисон чун кохи бегазанд, чун нишонаи ватандӯстӣ, ҳимматбаландӣ ва дурандешии мардуми тоҷик поянда мемонанд.
Дар шароити кунунӣ, рушди устувори иҷтимоиёту иқтисодиётро бе ташкили инфрасохтори коммуникатсионии замонавӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар робита бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун самти муҳимму афзалиятнок таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ки «Мо бояд бо чӣ роҳу воситае набошад, нақбҳои бузург ва роҳҳои замонавии мошингард бунёд карда, мамлакатро ба як қаламрави воҳид табдил диҳем ва робитаҳои нақлиётии кишварро бо мамолики дуру наздик таъмин намоем».
Сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат марҳила ба марҳила татбиқ гардида, ҳар як иқдоми созандаи Сарвари давлат дар самти роҳсозӣ қадамҳои устувор барои ба як мамлакати воҳид табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ба ибораи дигар, пешравии тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба тараққиёти соҳаи роҳсозӣ бевосита алоқаманд буда, роҳу пулҳои то ба имрӯз бунёдгардида — шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат мебошанд ва бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.
Таъкид бояд кард, ки ба сохтмони роҳу масирҳои сатҳи гуногун давлатмардон аз замонҳои бостонӣ аҳаммияти хосса медоданд. Яке аз чунин роҳҳо маъруф ба «Роҳи шоҳаншоҳӣ»-ро ҳанўз шоҳи ҳахоманишӣ Дорои якум дар қарни V пеш аз мелод бунёд карда буд, ки дарозии он зиёда аз дувуним ҳазор километрро ташкил дода, тамоми қисматҳои империяи паҳновари Ҳахоманишиёнро ба ҳам мепайваст. Мисоли дигар, «Роҳи бузурги абрешим», ки ҳанӯз дар аҳди давлатдории ниёконамон — Сомониён ба авҷи аълои тараққиёт расида буд.
Бо гузашти қарнҳо ва махсусан дар асри ХХ бо ихтироъ шудани воситаҳои муосири нақлиёт аҳаммияти роҳҳо бесобиқа гашта, вобаста ба талаботи асри XXI, асри рушди босуръат ва ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон боз ҳам муҳим гардид.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшу ҷойгоҳи роҳҳо баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ баръало аён гардид. Мавҷуд набудани роҳҳои муосир ва ба шароити кўҳистон ҷавобгў набудани онҳо, махсусан дар фасли зимистон рафтуомади сокинони мамлакат душвор ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо номумкин гашта буд. Гузашта аз ин, баста шудани роҳҳои беруна вазъиятро боз ҳам мушкилтар мекард.
Бо назардошти ин, ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан ва нақбҳо таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд. Дар ин бора Роҳбари давлат ёдрас шуда, аз он ҷумла дар китоби пурмуҳтавои худ «Уфуқҳои истиқлол» қайд мекунанд: «Мо ҳанўз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ изҳор карда будем, ки бояд нақбҳои бузург ва роҳҳои замонавии мошингард бунёд карда, мамлакатро ба як қаламрави воҳид табдил диҳем ва робитаҳои нақлиётии кишварамонро бо мамолики дуру наздик таъмин намоем. То соли 1997 ҳамагӣ 42 фоиз роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва 20 фоиз роҳҳои аҳаммияти маҳаллидошта мумфарш буданду халос, ки аз он 73 фоиз дар ҳолати паст, 26 фоиз дар ҳолати миёна ва танҳо як фоиз дар ҳолат хуби техникӣ қарор доштанд».
Аз ин рў, бо ибтикори Роҳбари давлат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон карда шуд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингарду оҳан, пулҳо ва нақбҳои бузург бунёду навсозӣ гардида, шабакаҳои нақлиётии мамлакат куллан тағйир дода шуда, муосир гардонда шуданд. Ин аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардида, ба таври воқеӣ ба кишвари транзитӣ табдил ёфт.
Идомаи мантиқии ин ҳадафи стратегии иҷрошуда, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони азиз мебошад, ки яке аз намунаҳои боризи он вусъат ёфтани корҳои навсозӣ дар роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ва муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» то Неругоҳи барқи обии «Шўроб» мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки роҳи мазкур, ки солҳои зиёд ба таъмиру таҷдид ниёз дошт, корҳои сохтмонӣ ва татбиқи ин лоиҳа 7 июни соли 2021 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод оғоз гардида буданд. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Ҷалби мутахассисони варзида, истифодаи техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ ба пешрафти корҳои сохтмонӣ дар ин роҳи мошингард замина гузошт.
Зимни ташрифи навбатии худ санаи 9 августи соли 2023 ба НБО-и «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои мазкур шинос шуда, барои дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти коммуникатсионӣ ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ беш аз 75 километрро ташкил медиҳад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ду марҳила 170 техникаи роҳсозӣ, қариб 2000 нафар коргарон ҷалб гардидаанд, ки 80 фоизи онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба шаҳрвандони маҳаллӣ шароит фароҳам овард, ки дар баробари соҳиби ҷойи кори мувофиқ гардидан, инчунин дар ободу зебо намудани Ватани худ саҳми арзанда гузоранд.
Таҷдиду навсозии ин роҳ маҳз бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар оянда тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Тавассути ҳамин роҳ молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад. Бунёди роҳ аҳаммияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Ҳадафи асосии сохтмони иншооти мазкур таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол ва таъмини ҷойҳои корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Роҳи нави автомобилгард василаи ҷалби сайёҳон гардида, ба рушду пешрафт замина хоҳад гузошт ва оянда дар бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои мавҷудаи туристӣ нақши муассир гузошта, барои садҳо сокинони маҳаллӣ ҷойи нави корӣ муҳайё месозад.
Тӯли чанд соли охир дар сохтмони роҳу нақбҳо ҳазорон нафар коргарон ба ҷойи кор таъмин гардида, роҳсозони тоҷик тавонистанд таҷрибаи худро дар сохтмони нақб ва роҳҳо такмил диҳанд.
Ин, дар навбати худ, яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёт дар замони истиқлолият буда, мутахассисони тоҷик метавонанд таҷрибаи андӯхтаи худро минбаъд дар татбиқи лоиҳаҳои дигар истифода намоянд.
Муҳимтар аз ҳама, бунёди роҳ ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, имконияти рушди саноат, умуман ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ғанӣ гардидани буҷети давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Мо доимо бояд дар хотир дошта бошем, ки ин ҳама комёбиву музаффариятҳо дар замони истиқлолият ва давлатдории навини миллии тоҷикон бо роҳбарии оқилона ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар шудааст. Истиқлолият ва давлатдории навини миллӣ таҳкурсии ҳамаи муваффақиятҳост ва мояи ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Шуҳрат АЗИЗЗОДА
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»