РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ БАДАХШОН ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи сафари навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят

Август 24, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15–18 августи соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шароите доир гардид, ки вилоят ба марҳилаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии худ ворид гардида, сокинони сарбаланди он бо сарфарозию шодӣ аз ин пайк истиқболи нек намуданд. Чунин изҳори назар намудааст муовини якуми Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи    М.Назаршоев, доктори илмҳои иқтисодӣ Саид Ғоибназарзода.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд.

 — Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ба истифода додани якчанд иншооти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, маъмурӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, инчунин иншооти сарҳадӣ ва мулоқоту дидорбинӣ бо табақаҳои гуногуни сокинони вилоят бори дигар мардумӣ будани худро исбот намуда, шуълаи умеди боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагии арзандаро дар дили мардуми сарбаланди вилоят ҷой намуданд.

Ҳангоми мулоқот бо фаъолони вилоят Пешвои миллат бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки дар ҷараёни сафари чандрӯзаи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар итминон пайдо гардид, ки ин диёри зебоманзару биҳиштосо бо заҳмати содиқонаи мардум ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу зебо гардида, ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Ишора гардид, ки асри 21 маҳз ба ҳамин хотир асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон ва тамоми тадбирҳо дар ин самт амалӣ гардида истодаанд.

Қобили тазаккур аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шуданд.

Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёду навсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати шашмоҳаи аввали соли 2023 дар вилоят сохтмони беш аз 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расид.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, бо ин мақсад беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо шуда, 870 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 193 пул таъмиру навсозӣ гардидааст. Инчунин дар ин давра барои вилоят 70 техникаи роҳсозӣ харида шудааст.

Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 5,7 миллиард сомонӣ равона шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят аз ҷониби низоми бонкии мамлакат 1,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 92 фоизи он қарзҳои хурд мебошанд. Танҳо дар сеюним соли охир, яъне солҳои 2020 – 2022 ва шашмоҳаи аввали соли раовн ҳаҷми қарзҳои ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии вилоят додашуда қариб 500 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар ҳафт моҳи аввали соли 2023 ба 131 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 фоиз зиёд мебошад.

Хулоса ҳар сафари Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва ҳар сухани неку созандаи ин нобиғаи давр ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи биҳиштосои Ватани азизамон такони ҷиддӣ бахшида, татбиқи босамар ва сифатноки ҳадафҳои стратегии мамлакатро марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.

АКС: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

 

Август 24, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд