Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 19:23

ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Дар як мақолааш устод Айнӣ таъкид намудааст: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Бо ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад». Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд!» —  —  Эмомалӣ Раҳмон, 10 марти соли 2012.

«Муборизаи иттилоотӣ ва амнияти ҷомеа»

 Нашрияи «Ҷумҳурият» аз  7 августи соли равон оид ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, мулоқоти Сарвари давлат бо Гурбангули Бердимуҳамедов ва Сердар Бердимуҳамедов хабарҳои расмии муфассал, инчунин матни Изҳороти муштаракаи роҳбарони  давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро нашр намудааст. Дар Изҳороти муштараки сарони се давлати ҳамсоя, аз ҷумла омадааст: «Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи иқтидори транзитии се давлат Ҷонибҳо ба аҳамияти фаъолгардонии боркашонии гуногунсамт (мултимодалӣ) дар масири нақлиётии Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон, ки баромади се кишварро ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла баҳри Каспий ва халиҷи Форс таъмин менамояд, таъкид намуданд. Ҷонибҳо розӣ шуданд, ки ба ҳамкории бонизоми мутақобилан судмандашон, ки ба беҳсозии минбаъдаи тарофаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли транзитии борҳои тиҷорати хориҷӣ нигаронда шудааст, идома диҳанд ва бо ин мақсад Ҷонибҳо ба роҳбарони идораҳои нақлиётии давлатҳои худ супориш доданд, ки онҳо то охири соли равон мулоқот доир намоянд. Ҷонибҳо ба масъалаи рушди кооператсияи истеҳсолӣ ва саноатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва ба вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманди дарозмуддат тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи бофандагӣ, химия, сохтмон ва ғайраҳо розигӣ доданд».

Воқеан мулоқоти сарони се давлати ҳамсоя дар шароити мураккаб ва зудтағйирёбандаи замони муосир иқдоми шоиста буда, барои ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таъмини субот ва оромӣ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст. Коршиносони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба баргузор шудани мулоқоти сарони се давлат: Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро мусбат, саривақтӣ ва судманд баҳо гузоштанд.

Шумораи  навбатии «Ҷумҳурият» аз 8 августи соли 2023 дар бораи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати расонидани кумакҳои фаврии молиявӣ ба осебдидагони садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб  ва  аёдати оилаҳои фавтида хабари муфассал нашр намудааст.

Шумораи дигари «Ҷумҳурият», ки 9 август чоп шудааст, сафари кории Президенти мамлакатро ба шаҳри Роғун, боздиди Пешвои миллатро аз иншооти сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун», мулоқот бо роҳбарони корхонаҳои хориҷиро, ки дар сохтмони аср иштирок доранд, инъикос намудааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар баробари нашри хабарҳои расмӣ оид ба таъйиноти кадрӣ ҳамчунин аз натиҷаи нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли равон мақолаҳоро пешкаши хонанадагони худ намудааст.

Нашрияи «Народная газета» низ оид ба нишастҳои матбуотӣ хабару мақолаҳо чоп намуда, хабарҳои расмиро дар робита ба сафарҳои кории Президенти мамлакат ба Туркманистон ва ба шаҳри Роғун, инчунин тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нашр намудааст. Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаҳои таҳлилии «Муборизаи иттилоотӣ ва амнияти ҷомеа», «Рушди ҳамкории судманд бо кишварҳои Халиҷи Форс»  пешкаши хонандагони нашрия шудаанд.

«Хурофотро раҳо созему ҷаҳонро бо диди хирад бингарем»

 Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари бознашри хабарҳои расмӣ, ки муҳтавои онҳо дар шарҳи нашрияҳои дигар нишон дода шудаанд, оид ба ҳаёти ҳизбӣ, аз ҷумла таъсис ёфтани 23 ташкилоти ибтидоии нав дар шаҳри Ҳисор, интихоби раиси нави Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд, баргузор шудани маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Варзоб хабарҳои муфассал чоп намудааст. Дар баробари ҳамин мақолаҳои муаллифӣ ва таҳлилӣ дар мавзуъҳои муҳими рӯз бо сарлавҳаҳои «Тағйирёбии иқлим ва ҷаҳонишавӣ», «Хурофотро раҳо созему ҷаҳонро бо диди хирад бингарем», «Терроризму ифротгароии динӣ —  таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ», «Мактабдида» ва  «Муфассири қонун» пешниҳоди хонандагони нашрия шудаанд.

Шумораи навбатии «Ҷавонони Тоҷикистон» ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, ки ҳар сол 10 август таҷлил мешавад, бахшида шудааст ва муваффақияту қаҳрамониҳои варзишгарони тоҷикро дар майдонҳои варзишии минтақа ва ҷаҳон, баргузор шудани мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, талошҳои пайваста ва муваффақонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои муаррифии футболи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти варзишгарони ватаниро инъикос намудааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор»  оид ба меъёри баҳогузорӣ, тарзи истифодаи дурусти харита дар дарси таърих, баргузор намудани бозиҳо дар муассисаҳои томактабӣ, рушди соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт, бунёди биноҳои нави таълимӣ дар вилояти Суғд, лингвистика ва компютер ва дигар мавзуъҳои соҳаи маориф, илм, мактаб ва мактабиён мақолаҳои ҷолибро пешкаши хонандагони худ намудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласа баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Лахш ва Душанбе-Рашт парвозҳоро амалӣ мегардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Дар Душанбе оид ба интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи хизматчиёни давлатӣ ба беш аз 18 ҳазор нафар расид
ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Аз имзои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» 12 сол сипарӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ ҷорӣ гардид
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он «Телевизиони Сафина» озмуни «Беҳтарин филми мустанад» доир намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон кай ба тасвиб мерасад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 6 корманди телевизион ва радио дар Туркия такмили ихтисос намуд
Дар Душанбе «Маҳфили ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд» баргузор гардид
ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад