СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Он давоми мантиқии ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушд ва пешбурди ҳуқуқи инсон аст

Август 18, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 августи соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038-ро қабул намуд, ки ин санад ва ин иқдом давоми мантиқии ташаббусҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва пешбурди ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. Чунин изҳори назар намуд ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдак дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ дар робита ба қабул гардидани Стратегияи мазкур, ки дар зер пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсия, таҳия ва қабули кодексҳо ба қонунҳои конститутсионӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои зерқонунӣ, паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд муқаррароти алоҳида бахшида шуданд. Қабули барнома, стратегия ва консепсияҳои дигари ҳам давлатӣ ва ҳам  соҳавӣ, ки  яке аз паҳлуҳои муҳимашон ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад, то ҷое ин низомро пурра гардонид.

Яке аз ҳадафҳои асосии  қабули стратегияи мазкур ба он равона гардидааст, ки тамоми иқдом, имконияту чорабиниҳое, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон гузаронида мешаванд, бояд дар шакли санади алоҳида, ки хусусияти миллӣ дорад, мутамарказ шуда,  минбаъд ҳамин иқдом амалӣ гардонида шавад. Қабули ин стратегия то  давраи соли 2038 аст, яъне 15 солро дар бар мегирад ва доир ба ин стратегия  дар давраҳои муайян нақшаҳои амали алоҳида қабул мешаванд.

Дар айни  замон нақшаи Стратегия барои солҳои 2023-2025 қабул шудааст.

Агар мо аз таҷрибаи таҳияи чунин санадҳо мисол биёрем, яке аз масъалаҳои асосие, ки барои қабули ҳамин гуна ҳуҷҷатҳо замина ҳисобида мешавад, ин маҷмуи муайяни нақшаҳои миллии амал аст, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Дар давраи ҳамин марҳила мо аъзои якчанд шартномаҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳастем  ва аз ин рӯ дар назди давлат уҳдадориҳои муайян гузошта мешаванд.  Ҳамин уҳдадориҳо тавсияҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ вобаста ба ҳамин Созишнома дода мешаванд. Онҳо  дар мавзуъҳои алоҳида аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳамчун нақшаҳои алоҳидаи миллии амал оид ба вазъи  ҳуқуқи кӯдак, масъалаҳои шиканҷа, масъалаи муҳоҷират ва оид ба пешгирии табъиз нисбат ба занон қабул шудаанд.

Яке аз самтҳо ё ҳадафҳои  дигаре, ки ба қабули ин стратегия равона шудааст,  ин пеш аз ҳама, такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

Бояд иброз намуд, ки   ҳадафи дигари қабули Стратегия- ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ  ва баъдан самаранок намудани дастрасии аҳолӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ мебошад.

Бо қабули ин санад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти ягона дар соҳаи фаҳмиши ҳуқуқӣ пайдо мешавад. Бо қабули он иқдом ва сиёсатҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, минбаъд мутамарказ  мегарданд.

Масъалаи дигар ба таҳлил ва арзёбии вазъи воқеии ҳуқуқи инсон вобастагӣ дорад. Тавассути ҳамин стратегия бояд дар  сатҳи ҷумҳурӣ таҳлил гузаронида шавад, то маълум гардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кадом масъалаҳои ҳуқуқи инсон мушкилоти ҷиддӣ ҷой доранд. Бояд институтҳои таҳқиқотӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дахлдори дигар фаъолият бурда, таҳлил намоянд, ки сабабу  омилҳои пайдоиши  вайроншавии ҳуқуқи инсон ва нақзи ҳуқуқи инсон кадомҳо мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли  7 санади универсалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсони СММ аст, ки инҳо  ду паймони байналмилалӣ ва панҷ конвенсия ҳастанд. Тоҷикистон ин тавсияҳоро қабул намудааст, то ки амалӣ гарданд. Нисбат ба ҳар тавсия нақшаҳои миллӣ-амалии алоҳида таҳия ва қабул шудаанд.

Аз 1 апрели соли равон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи бисёр фарох вобаста ба шарҳи универсалии даврӣ дар доираи Шурои ҳуқуқи инсон қабул гардид. Ин санад чорабиниҳои бисёр мушаххасро дар самти ҳифзу пешбурд ва инчунин эҳтироми ҳуқуқи инсон дар бар мегирад, ки амалисозии онҳо, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани нуфузи мамлакат ва мақому мартабаи Тоҷикистон ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба ҷумҳурии мо мусоидат менамояд.

Дар ҳар давлате, ки назму субот, адлу адолат барқарор буда,   қонун риоя мешавад, дар онҳо ҳам шаҳрвандон ва ҳам сайёҳон худро роҳат эҳсос менамоянд. Тамоми масъалаҳое, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ мегарданд, ҳама дар маҷмуъ аз ҳуқуқи инсон вобастагӣ доранд.

Хушбахтона, Тоҷикистон дар ҳамин самт марҳила ба марҳила иқдоми зиёду муассирро амалӣ менамояд. Тоҷикистон ҳамкориро бо сохторҳои ҳам оинномавӣ ва ҳам шартномавии СММ  дар сатҳи бисёр хуб ба роҳ мондааст. То имрӯз Тоҷикистон тамоми гузоришҳои миллии худро сари вақт ба СММ пешниҳод менамояд. Дар айни замон дар мамлакати мо ду гузориш омода шудааст, ки яктоаш вобаста ба вазъи ҳуқуқи кӯдак аст.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 18, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид