ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, панҷшанбе, 229-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 17, 2023 08:00

17 августи соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

17 августи соли 2006 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

17 августи соли 2011  дар ситод-қароргоҳи Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо-Пешвои асри XXI сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон- Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардонида шуданд.

***

Соли 2018 дар шаҳри Тошканд Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Узбекистон «УзА» ба имзо расид.

***

17 августи соли 2020 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур дар ифтитоҳи  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ва  «Дарси сулҳ» иштирок намуданд.

 

***

17 августи соли 2022 дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил баррасӣ гардид.

 

 17 АВГУСТ:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Габон –  Рӯзи истиқлол.

***

Дар Индонезия – Рӯзи истиқлол.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Темур Зулфиқоров-соли 1936— шоир, романнавис, воқеанигор ва намоишноманависи русзабони тоҷик. Узви Иттиҳоди нависандагони Русия.

 

 

Август 17, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, ҷумъа, 114-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, панҷшанбе, 113-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, чоршанбе, 112-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, сешанбе, 111-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, душанбе, 110-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, якшанбе, 109-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, шанбе, 108-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, ҷумъа, 107-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, панҷшанбе, 106-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, чоршанбе, 105-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, сешанбе, 104-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 апрел, душанбе, 103-юмин рӯзи соли 2026 аст