Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид

Август 12, 2023 13:15

ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид, хабар доданд мақомоти ноҳияи Мауи, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА Новости.

«Марги 67 нафар тасдиқ шудааст», — гуфта мешавад дар хабари сомонаи ноҳия.

Дар он ишора мешавад, ки сӯхтор дар шаҳри Лахайна то ҳол хомӯш нашудааст.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден ба ҳамаи сохторҳои тобеи федералии Гавайя, аз ҷумла низомиён дастур дод, ки ба мубориза бо сӯхтор ҳамроҳ шаванд. Қаблан Пентагон иттилоъ дода буд, ки барои кумак ба мақомоти маҳаллӣ ҷангиёни гвардияи миллӣ ва чархболҳо ҷалб гардидаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АР/ТАСС

Август 12, 2023 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест