Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид

Август 17, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бар асари сӯхтор ҳалокшудагон дар ҷазираи Мауи иёлати Гавайяи ИМА рӯзи сешанбе ба 106 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин бора мақомоти вилояти Моуи хабар доданд.

Як рӯз пеш шумораи ҳалокшудагон 99 нафар буд. Тибқи иттилои охирин, танҳо панҷ нафар аз 106 ҳалокшуда шинохта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти ноҳия, дар айни замон наҷотдиҳандагон ҳудуди 32 дарсади минтақаи сӯхторро тоза намудаанд.

Губернатори иёлати Гавайя Ҷош Грин рӯзи душанбе гуфт, ки бо идома ёфтани корҳои ҷустуҷӯӣ теъдоди ҳалокшудагон метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад.

АКС: «Синхуа»

Август 17, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад