Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои баррасии масоили ҳамкорӣ дар Москва қарор дорад

Август 29, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 29.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 август Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Зимни сафар, ки дар асоси қарори Шурои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ба нақша гирифта шудааст, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев мулоқот менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду вазорат доир ба  муҳоҷирати корӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 29, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд